ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, шанбе, 287-умин рӯзи соли 2023 аст
14 октябри соли 2003 дар Душанбе бозиҳои V Осиёи Марказӣ оғоз гардиданд, ки дар онҳо беш аз 700 нафар варзишгарон аз давлатҳои минтақа иштирок намуданд.
***
14 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа ба истифода дода шуд.
***
14 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.
***
14 октябри соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» баргузор гардид.
***
Соли 2015 дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» -и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байналмилалии кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокӣ ва бандубастшуда — Agrofood-2015 баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
14 октябри соли 2019 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати мамлакат суханронӣ намуданд.
***
14 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.
***
14 октябри соли 2021 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
14 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия» бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
14 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Тоҷикистон- Рӯзи соҳибкорон.
***
Рӯзи ҷаҳонии стандартикунонӣ.
***
Дар Беларус — Рӯзи Модар.
***
Дар Русия — рӯзи кормандони мамнуъгоҳҳо.