ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, душанбе, 289-умин рӯзи соли 2023 аст

Октябрь 16, 2023 08:00

16 октябри соли 2013 масоили вақт ва дурнамои  рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид.

***

16 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи саноатии «Суғд Пак» ба кор дароварда шуд.

***

16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

***

16 октябри соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии «United World» мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон посух доданд.

***

16 октябри соли 2014 дар Остона Конфронси илмӣ-амалии байналмилалии «Амнияти иттилоотӣ дар дурнамои стратегияи «Қазоқистон -2050» баргузор гардид.

***

16 октябри соли 2017 дар «Кохи Сомон» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.

***

16 октябри соли 2019  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

16 октябри соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» оғоз бахшиданд.

 

16 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ  МЕГАРДАД:

Дар Тоҷикистон -Рӯзи кинои тоҷик.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ.

 ***

Рӯзи ҷаҳонии нон.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии анестизиологҳо.

 

Октябрь 16, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш