ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, якшанбе, 295-умин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 1797 ҳавонаварди фаронсавӣ Андре Жак Гарнерен бори аввал дар ҷаҳон тавассути кураи ҳавоӣ аз баландии 1000 метр ба замин фуруд омад.
***
Соли 1938 ихтироъкори амрикоӣ Честер Карлсон дастгоҳи ихтироънамудаи худро барои нусхабардории ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошт.
***
Соли 1966 моҳвораи «Луна-12» ба кайҳон фиристода шуд.
***
30 сол пеш, 22 октябри соли 1993 Гурҷистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд.
***
22 октябри соли 2001 олими рус магнити органикӣ ихтироъ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2007 дар фабрикаи пойафзол дар Чин сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 34 нафар ҳалок ва 21 нафари дигар захмӣ шуданд.
***
22 октябри соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби давлатии вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҳиллари Клинтон доир ба маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон ва Америка ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
***
22 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 65-солагии таъсиси радиои бурунмарзии Тоҷикистон – «Овози тоҷик» ҷамъомад доир шуд.
***
8 сол пеш, 22 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ намуданд.
***
7 сол пеш, 22 октябри соли 2016 филми кӯтоҳмуддати «Коса»-и коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии «Open Central Asia International Arts Festival» дар Лондон ҷоиза ба даст овард.
***
22 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Америка баррасӣ гардид.
22 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд.
***
Рӯзи хизмати молиявию иқтисодии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия.