ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, шанбе, 301-умин рӯзи соли 2023 аст
28 октябри соли 2011 пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.
***
28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Полша баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиашон дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошуравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон «Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1» сарфароз гардонида шуданд.
***
29 октябри соли 2019 ҳайати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико иштирок намуд.
***
28 октябри соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
28 октябри соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
28 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи ҷаҳонии аниматсия.
***
Рӯзи ҷаҳонии дзюдо
***
Дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён.