ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, чоршанбе, 277-умин рӯзи соли 2023 аст
4 октябри соли 2013 дар ҷаласаи 11–уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
***
4 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.
***
4 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.
***
4 октябри соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Кӯлоб маркази замонавии хизматрасонии «Роҳи абрешим»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
4 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дода, натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои ноҳияро давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ таҳлил намуданд.
***
4 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
4 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи ҷаҳонии олами ҳайвонот.
***
Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон.
***
Рӯзи байналмилалии манзил.
***
Дар Русия рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
***
Дар Белгия рӯзи соҳибистиқлолӣ.