ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, якшанбе, 281-умин рӯзи соли 2023 аст

8 октябри соли 2012 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе китоби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Султони заҳмат» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад.
***
8 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи «Авесто Арена» ба истифода дода шуд.
***
8 октябри соли 2014 дар Душанбе фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» баргузор гардид.
***
8 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номаи табрикии худро ҷиҳати роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу ирсол намуд.
***
8 октябри соли 2019 дар Москва ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
***
8 октябри соли 2021 зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд.
***
8 октябри соли 2021 дар Душанбе Намоиш-озмуни байналмилалӣ ва Форуми меъморони Тоҷикистон оғоз гардид.
***
8 октябри соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 72-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштирок намуд
8 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Амрико- рӯзи миллии кӯдакон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Давлаталӣ Убайдуллоев- соли 1954— ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011).