Татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон мавриди баррасии коршиносони байналмилалӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 13.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе гурӯҳи кории мутахассисони байналмилалӣ самти татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро баррасӣ намуда, ба мутахассисони соҳавӣ тавсияҳо пешниҳод намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар баррасии барнома коршиносони байналмилалӣ аз ташкилоти бонуфуз, аз қабили Бюрои Аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Кумитаи чароғаки сабз, Ҳамкории боздошти сил ва Созмони ҷаҳонии маводи доруворӣ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳавӣ, шарикони рушд, ва ташкилоти ғайридавлатӣ, ки дар самти ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории мутахассисони байналмилалӣ иборат аз 15 нафар аз 2 то 11 октябр барои баҳодиҳии миёнамуҳлати Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба якчанд сохтори тандурустӣ рафтанд.
Онҳо бо фаъолияти муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил», «Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и шаҳри Душанбе, «Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил», «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷароҳии қафаси сина», марказҳои вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва вилояти Суғд, марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Ҳисор, Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Истаравшан шинос шуданд.
Меҳмонон ҳамчунин бо шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ, марказҳои ВНМО, ТТҲС оид ба пешгирӣ, дарёфт, ташхис, табобати беморони сил, аз ҷумла шакли устувори сил, муоинаи алоқамандон аз манбаъҳои бемории сил ва гурӯҳҳои зери хавф шинос шуданд.
Дар натиҷа гузориши пешакии фаъолияти гурӯҳи коршиносон ба ҷамъомадагон пешниҳод гардида, аҳли нишаст нисбат ба он андешаҳояшонро баён намуданд.
Қарор қабул гардид, ки пас аз баргашт Бюрои Аврупоии СҶТ гузориши ниҳоии баҳодиҳиро барои дар амал татбиқ намудани тавсияҳои мувофиқашуда ба унвони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






