Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии мақомоти давлатӣ ҳамкориро вусъат мебахшанд

Октябрь 30, 2023 11:11

ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати роҳбарии як қатор  вазорату идораҳои дахлдори мамлакат  бо ноиби президенти университети Хирошима-Президенти ҷамъияти арзёбии Ҷопон, профессор Йоко Ишида ва ҳайати он баргузор гардид, ки зимни он ҳамкории мутақобилан судманд дар самти тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии мақомоти давлатӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Иброз гардид, ки тибқи қисми 5, банди 18 Низомномаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдо Котиботи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, яке аз вазифаҳои асосии он ҳамоҳангсозии амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати рушд ва Ҳадафҳои рушди устувор якҷо бо барномаву стратегияҳои соҳавию минтақавӣ мебошад.

Ҳамзамон дар доираи Гурӯҳи кории 13-и Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат ва Ҳадафҳои рушди устувор корҳо тақвият дода шуда, якҷо бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ даврҳои омӯзишӣ ва машваратҳо бо ҷалби мутахассисон аз Ҷопон бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) гузаронида шуданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби профессор Йоко Ишида дар мавзуи «Бозёфтҳо ва омӯзишҳо оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар Тоҷикистон» рӯнамо пешкаш гардида, масъалаҳо вобаста ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии ҷумҳурӣ ва мушкилиҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2023 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд