Тоҷикистон ва Русия дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳоро эътирофи мутақобила намуданд

Октябрь 29, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 29.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ қонунӣ гардида, расмиёти дохилидавлатии он  ба анҷом расид. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иттилоъ медиҳад.

Ҳуҷҷат ба рушди  иқтидори муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди ҳаракати академикии кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат менамояд.

Ҳамкории ду давлат дар соҳаи маориф ва илм босуръат рушд ёфта, имрӯз дар донишгоҳҳои Русия беш аз 35 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла дар барномаҳои аспирантура таҳсил менамоянд.

Нишондиҳандаҳои назарраси ҳаракати академикӣ созишномаро дар бораи эътирофи мутақобила ва баробарии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо аз 24 ноябри соли 1998 таъмин менамуданд. Дар баробари ин, баъзе масъалаҳо тибқи қонунгузории миллии давлатҳо барои баррасии мақомоти салоҳиятдор боқӣ монданд.

Ёдовар мешавем, ки маросими имзои созишнома 3 март дар Душанбе бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков баргузор гардид. Шартнома моҳи октябри соли равон эътибор пайдо намуд.

Елена БАТЕНКОВА,
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 29, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд