«УМҚИ НИГОҲ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳои рассомии Карим Наҷмиддинов доир шуд

Октябрь 15, 2023 15:06

ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои шоён ва пос доштани хотироти неки эҷодкорон таҳти унвони «Умқи нигоҳ» намоиши асарҳои рассомии Карим Наҷмиддинов баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.

Дар намоиш ректори Донишкада, рассомони мамлакат, наздикону пайвандон, шогирдон ва алоқамандони эҷодиёти пурғановат ва нотакрори Карим Наҷмиддинов иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи намоиш гуфта шуд, ки Карим Наҷмиддинов аз зумраи поягузорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, то вопасин лаҳзаи ҳаёташ ба ҳайси мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ дар донишкада  фаъолият намудаанд.

Карим Наҷмидинов дар бисёр жанрҳои санъати тасвирӣ (натюрморт, чеҳранигорӣ, манзаранигорӣ) асар офаридааст. Ҳар асари офаридаи ӯ мазмуну мундариҷаи мушаххаси хосро доро мебошад.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Октябрь 15, 2023 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд