Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаҳои комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии СААД иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода, Сарвиноз Маҷидзода, Толибхон Азимзода дар кори ҷаласаҳои комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, масъалаҳои мудофиа ва амният, масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, масъалаҳои экологӣ ва иқтисодӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаҳои комиссия лоиҳаи тавсияҳо оид ба ҷавобгарӣ барои амалҳои марбут ба барқарорсозии натсизм ва таҳрифи ҳақиқати таърихӣ дар қонунгузории мамлакатҳои аъзои СААД, лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи пешгирии истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир», «Дар бораи лоиҳаи тавсияҳо оид ба таъмини қонунгузории амнияти биологии давлатҳои аъзои СААД», «Дар бораи маблағгузории фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, «Дар бораи рафти кор оид ба тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ» ба имзо расида, дар доираи СААД лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи амнияти инфрасохтори муҳими иттилоотӣ», лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи ҳифзи иттилоот ва киберамният», лоиҳаи тавсияҳо оид ба таъмини қонунгузории амнияти биологии мамлакатҳои аъзои СААД, лоиҳаи нақшаи кори Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Аъзои комиссия ҳамчунин дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии СААД масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, масъалаҳо дар бораи фаъолияти СААД дар давраи байни сессияҳо ва тасвиби шартномаҳои байналмилалие, ки дар доираи СААД баста шудаанд, дар бораи натиҷаҳои мониторинги парлумонии вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаи Аврупои Шарқии амнияти дастҷамъии СААД-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иштирокчиёни ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии СААД ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ мешавад.
Таъкид шуд, ки маҳз фаъолияти дастҷамъона ва мубодилаи таҷриба дар ин самт воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа хоҳад буд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






