«ЗАБОН-РУКНИ АСОСИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсия доир шуд

Октябрь 4, 2023 13:07

ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Забон-рукни асосии миллат ва давлат» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи мазкур  хабар медиҳад.

Конференсия ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил карда  мешавад, доир гардид.

Иброз гардид, ки мояи сарфарозии мо аст, ки ҳамасола 5 октябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз давлати соҳибистиқлоламон гузаронида мешавад.

Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хеле боло бурдаанд.

Зимни яке аз суханрониҳо Сарвари давлат иброз доштанд, ки «забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забон мебошанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Дар идомаи конференсия як зумра олимону забоншиносон дар мавзуъҳои мухталиф маъруза намуданд.

Таъкид шуд, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих бо ин забони зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намудаанд.

Забон- таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забон-рукни асосии миллат ва давлат» бо қадршиносии як зумра кормандону устодони донишгоҳ бо медалу ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ анҷом пазируфт.

АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Октябрь 4, 2023 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст