35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд сохтмони 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ идома дорад

Ноябрь 22, 2023 09:35

ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд бунёди иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Имрӯзҳо дар Хуҷанд сохтмони 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон шароит фароҳам оварда мешавад.

Раиси вилоят дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев бо силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматие, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Қудрат-2010» бунёд мешаванд, шинос гардид. Аз ҷониби ин ширкат 8 бинои баландошёна сохта шуда, дар қабати аввали биноҳо ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар таҳхонаи иншооти сохташаванда таваққуфгоҳҳо, дар саҳни онҳо майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакону наврасон сохта мешаванд.

Дар идома роҳбари вилоят бо сохтмони биноҳои баландошёна, инчунин лоиҳаи иншооти сохташаванда дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шинос гардид.

Бино ба маълумоти масъулин, бо татбиқи пурраи лоиҳаҳо дар назар аст, ки аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Сирдарё, хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ва дигар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд 1000  ҳуҷраи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Корпусҳои аввалини биноҳои замонавии дорои тамоми шароит дар семоҳаи аввали соли оянда ба истифода дода мешаванд.

Раиси вилоят бо назардошти зиёд гардидани аҳолӣ ва талабот ба манзил амалисозии лоиҳаҳоро муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 22, 2023 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид