35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд сохтмони 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд бунёди иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Имрӯзҳо дар Хуҷанд сохтмони 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон шароит фароҳам оварда мешавад.
Раиси вилоят дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев бо силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматие, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қудрат-2010» бунёд мешаванд, шинос гардид. Аз ҷониби ин ширкат 8 бинои баландошёна сохта шуда, дар қабати аввали биноҳо ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар таҳхонаи иншооти сохташаванда таваққуфгоҳҳо, дар саҳни онҳо майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакону наврасон сохта мешаванд.
Дар идома роҳбари вилоят бо сохтмони биноҳои баландошёна, инчунин лоиҳаи иншооти сохташаванда дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Бино ба маълумоти масъулин, бо татбиқи пурраи лоиҳаҳо дар назар аст, ки аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Сирдарё, хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ва дигар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд 1000 ҳуҷраи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Корпусҳои аввалини биноҳои замонавии дорои тамоми шароит дар семоҳаи аввали соли оянда ба истифода дода мешаванд.
Раиси вилоят бо назардошти зиёд гардидани аҳолӣ ва талабот ба манзил амалисозии лоиҳаҳоро муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншоти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард беш аз 20 фоиз зиёд шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаҳои Обигарм, Себистон ва Лолагии шаҳри Ҳисор кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд






