35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯшон ошхонаи «Тезтайёр» ба истифода дода шуд

Ноябрь 20, 2023 11:06

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ошхонаи «Тезтайёр» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон хабар медиҳад.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рамеш Худоиев бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Зимни боздид аз ин ошхона раиси вилоят ба шароит ва хизматрасонии сатҳи баланд дар он баҳои баланд дод.

Гуфта шуд, ки бунёди чунин ошхонаҳои замонавӣ на танҳо барои сокинону меҳмонони вилоят шароити хуб фароҳам меоварад, балки барои рушди сайёҳӣ низ мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки дар марҳилаи рушди вилоят соҳибкорони ватандӯст таҳти сиёсати бунёдкорони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагӣ машғул шуда, дар ободонии диёр ҳисса мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон

Ноябрь 20, 2023 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд