35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон сохтмони Мактаби президентӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сохтмони бинои Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат идома дорад.
Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бинои Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар маркази ноҳияи Балҷувон, дар шафати Парчами давлатӣ сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Ба корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Бинои Мактаби президентӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Мактаб барои 450 хонанда пешбинӣ гардида, дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюми бино идома доранд. Дар шафати бино барои хонандагони ин мактаб хобгоҳи чорошёна қомат афрохтааст.
Дар баробари сохтмони Мактаби президентӣ дар маркази ноҳия як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ду бинои сеошёна, се бинои дуошёнаи истиқоматӣ ва се муассисаи таълимӣ сохта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2023 дар ноҳияи Балҷувон 56 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. То моҳи октябри соли равон аллакай 23 иншоот пурра ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 140 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Осорхонаи таърихии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
ҲАДАФ — ОБОДИИ ВАТАН. Иқдоми соҳибкори ватандӯст Наврӯз Сабзаев намунаи олии меҳандӯстӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистон аст
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд






