35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон сохтмони Мактаби президентӣ идома дорад

Ноябрь 12, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сохтмони бинои Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат идома дорад.

Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бинои Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар маркази ноҳияи Балҷувон, дар шафати Парчами давлатӣ сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Ба корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Бинои Мактаби президентӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Мактаб барои 450 хонанда пешбинӣ гардида, дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюми бино идома доранд. Дар шафати бино барои хонандагони ин мактаб хобгоҳи чорошёна қомат афрохтааст.

Дар баробари сохтмони Мактаби президентӣ дар маркази ноҳия як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ду бинои сеошёна, се бинои дуошёнаи истиқоматӣ ва се муассисаи таълимӣ  сохта шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2023 дар ноҳияи Балҷувон 56 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. То моҳи октябри соли равон аллакай 23 иншоот пурра ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда  корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 12, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд