35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 23 муассисаи таълимии ноҳияи Фархор сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгири Ҳукумати мамлакат, соҳибкорони маҳаллӣ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар назди 23 муассисаи таълимии ноҳия сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо мароми баланд идома дорад.
Тавре сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Маҳмадкабир Қаландаров дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳолати пурра ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ 3926 ҷойи нишаст дар як баст омода мешавад.
Ҳамчунин дар 6 муассисаи шакли нав дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати Гулшан барои 320 хонанда дар як баст ва деҳаи Себи сурхи ҷамоати Ватан барои 320 хонанда дар як баст корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаанд.
Ҳоло дар ноҳияи Фархор 70 муассисаи таълимӣ амал менамоянд, ки аз онҳо 58 – тоаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 гимназияи таълимаш бо забони русӣ, 2 литсей ва 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мебошанд. Дар онҳо 42 ҳазору 600 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 20 ҳазору 585 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ба онҳо 2795 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия 2255 хатмкунандаи синфи 11 ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд, ки 81 фоизашон унвони донишҷўиро соҳиб шуданд. Инчунин 17 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи квотаи президентӣ дохил гардиданд, ки инҳо 9 духтар ва 8 писар мебошанд.
Гуфта шуд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки аз фаннҳои таълимӣ гузаронида шуд, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Бахусус толибилмони МТМУ №3, №10, №27, №25, №33, №24 ва хонандагони Гимназияи №1 ва №2 – и ноҳияро метавон мисол овард, ки сазовори 2 медали тилло, 1 медали нуқра, 1 ҷойи байналмилалӣ, инчунин шаҳодатномаи универсалӣ ва боқӣ медали биринҷӣ шуданд.
Ҳамзамон изҳор гардид, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1238 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, маҳорату малакаи худро санҷиданд, ки 6 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Маҳмадкабир Қаландаров дар идомаи суҳбат гуфт, ки «дар озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» 25 хонандаи ноҳия иштироки фаъолона намуда, 2 нафар ба даври хотимавӣ роҳхат гирифт. Дар озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» 2 хонанда ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар маҷмуъ толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 24 медал гардиданд.
Соли 2023 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони сахловатпешаи ноҳия 225 компютери замонавӣ харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таълимии ноҳия дода шуд. Инчунин дар назар аст, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 100 компютери замонавӣ, 30 видиопроектор ва 30 тахтаи электронӣ харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таълимии ноҳия тақдим шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






