35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 23 муассисаи таълимии ноҳияи Фархор сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад

Ноябрь 12, 2023 09:19

ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгири Ҳукумати мамлакат, соҳибкорони маҳаллӣ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар назди 23 муассисаи таълимии ноҳия сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо мароми баланд идома дорад.

Тавре сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Маҳмадкабир Қаландаров дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳолати пурра ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ 3926 ҷойи нишаст дар як баст омода мешавад.

Ҳамчунин дар 6 муассисаи шакли нав дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати Гулшан барои 320 хонанда дар як баст ва деҳаи Себи сурхи ҷамоати Ватан барои 320 хонанда дар як баст корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаанд.

Ҳоло дар ноҳияи Фархор 70 муассисаи таълимӣ амал менамоянд, ки аз онҳо 58 – тоаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8  муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2  гимназияи таълимаш бо забони русӣ, 2 литсей ва 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мебошанд. Дар онҳо 42 ҳазору 600 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 20 ҳазору 585 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ба онҳо 2795 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия 2255 хатмкунандаи синфи 11 ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд, ки 81 фоизашон унвони донишҷўиро соҳиб шуданд. Инчунин 17 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи квотаи президентӣ дохил гардиданд, ки инҳо 9 духтар ва 8 писар мебошанд.

Гуфта шуд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки аз фаннҳои таълимӣ гузаронида шуд, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Бахусус толибилмони МТМУ №3, №10, №27, №25, №33, №24 ва хонандагони Гимназияи №1 ва №2 – и ноҳияро метавон мисол овард, ки сазовори 2 медали тилло, 1 медали нуқра, 1 ҷойи байналмилалӣ, инчунин шаҳодатномаи универсалӣ ва боқӣ медали биринҷӣ шуданд.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1238 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда,  маҳорату малакаи худро санҷиданд, ки 6 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Маҳмадкабир Қаландаров дар идомаи суҳбат гуфт, ки «дар озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» 25 хонандаи ноҳия иштироки фаъолона намуда, 2 нафар ба даври хотимавӣ роҳхат гирифт. Дар озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» 2  хонанда ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Дар маҷмуъ толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 24 медал гардиданд.

Соли 2023 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони сахловатпешаи ноҳия 225 компютери замонавӣ харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таълимии ноҳия дода шуд.  Инчунин дар назар аст, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 100 компютери замонавӣ, 30 видиопроектор ва 30 тахтаи электронӣ харидорӣ шуда, ба муассисаҳои таълимии ноҳия тақдим шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 12, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд иншооти тандурустӣ бунёд мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб бинои нави Кумитаи идораи замин ба истифода дода мешавад
«Олимпиада»-ҳои тиҷоратӣ. Дар интихоби онҳо эҳтиёткор бошед!
Имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷалб гардид
Маркази захиравӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ифтитоҳ шуд
Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент маркази тафреҳӣ барои кӯдакон бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент пули мошингузар сохта мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин баррасӣ шуд
«Стратегияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Туркманистон сазовори ҷойи сеюм гардид