Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли UNIDO дар Вена иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар дар иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO) ки 27 ноябр дар шаҳри Вена шуруъ шуд, иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияи нав хабар медиҳад.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи сатҳи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо ин ниҳод дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук ва рушди содироти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ибрози ақида намуда, аз зарфияти саноатии Тоҷикистон ёдовар шуд.
28 ноябр дар ҳошияи иҷлосияи 20-ум муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар дар мубоҳисаҳои Панели сатҳи баланд таҳти унвони «Суръатбахшӣ ҷиҳати гузариш ба иқтисоди «сабз»: маъданҳои фоиданок, истеҳсоли металлҳо ва ояндаи боадолат барои ҳама» иштирок намуд.
Ӯ зимни суханронӣ ба ҳозирин роҷеъ ба иқтидору зарфияти энергетикии мамлакат, махсусан энергияи «сабз» иттилоъ дода, иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании маъданҳои фоиданок ва дигар захираҳои табиӣ буда, дар дунё яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.
Дар нишасти мубоҳисавӣ мудири кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид Герд Мюллер, вазири саноат ва сарватҳои маъдании Арабистони Саудӣ Бандар ибни Иброҳим ал-Хурейф, вазири нақшакашӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Гвинея Роза Пола Присмоу ва роҳбари ширкати «KVI Holdings» профессор Рашид Язамӣ низ сухан гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO то 1 декабри соли 2023 идома меёбад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад
Рӯзи Президенти Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор меравад
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд
АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид
Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид






