Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли UNIDO дар Вена иштирок дорад

Ноябрь 30, 2023 14:48

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар дар иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO) ки 27 ноябр дар шаҳри Вена шуруъ шуд, иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияи нав хабар медиҳад.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи сатҳи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо ин ниҳод дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук ва рушди содироти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ибрози ақида намуда, аз зарфияти саноатии Тоҷикистон ёдовар шуд.

28 ноябр дар ҳошияи иҷлосияи 20-ум муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар дар мубоҳисаҳои Панели сатҳи баланд таҳти унвони «Суръатбахшӣ ҷиҳати гузариш ба иқтисоди «сабз»: маъданҳои фоиданок, истеҳсоли металлҳо ва ояндаи боадолат барои ҳама» иштирок намуд.

Ӯ зимни суханронӣ ба ҳозирин роҷеъ ба иқтидору зарфияти энергетикии мамлакат, махсусан энергияи «сабз» иттилоъ дода, иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании маъданҳои фоиданок ва дигар захираҳои табиӣ буда, дар дунё яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

Дар нишасти мубоҳисавӣ мудири кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид Герд Мюллер, вазири саноат ва сарватҳои маъдании Арабистони Саудӣ Бандар ибни Иброҳим ал-Хурейф, вазири нақшакашӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Гвинея Роза Пола Присмоу ва роҳбари ширкати «KVI Holdings» профессор Рашид Язамӣ низ сухан гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO  то 1 декабри соли  2023 идома меёбад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2023 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад