Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси генералии ЮНЕСКО дар Париж иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 42-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур 7 ноябр оғоз гардида, то 22 ноябр идома хоҳад ёфт. Қобили тазаккур аст, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва дигар намояндагони баландмақоми кишварҳои ҷаҳон иштирок доранд.
Дар рӯзи аввал, ҷаласа аз ҷониби Президенти иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ифтитоҳ гардида, дар оғози он Президенти Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва Дабири кулли ЮНЕСКО суханронӣ намуданд.
Дар идома интихоботи Президенти 42-юми иҷлосияи Конфронси генералӣ доир шуд. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар бораи фаъолияти Созмон дар солҳои 2018-2021 шунида шуд.
Дар охири рӯзи якум лоиҳаи барнома ва буҷети ЮНЕСКО барои солҳои 2024-2025 ва 2026-2029 баррасӣ ва қабул гардид.
8 ноябри соли 2023 Дабири кулли ЮНЕСКО ба мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ ҷиҳати ироаи суханрониҳои роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзо ҳусни ифтитоҳ бахшид.
10 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин мубоҳисаҳо суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба саҳми сазовори тоҷикон дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот дод.
Таъкид гардид, ки заминагузорони ганҷинаи маънавию зеҳнии бениҳоят арзишманд олимону файласуфон, шоирону нависандагон ва мутафаккирони тоҷик, ба мисли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ ва Абӯалӣ Сино буданд, ки осори нотакрори онҳо то ҳанӯз аз василаҳои амалкунандаи илмию фарҳангии тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки мардуми тоҷик аз қадим то ба имрӯз бо арҷгузорӣ ба расму оинҳо ва дигар арзишҳои миллии худ, ки вежагиҳои фаромиллӣ низ доранд, барои эҳё ва ғанӣ гардонидани онҳо пайваста саъю талош мекунад.
Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО иброз дошт, ки дар соли 2023 аз замони оғози равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО 30 сол сипарӣ шуд. Дар давоми ин давра Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ЮНЕСКО, муаллиф ва ҳаммуалифи чандин лоиҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф ва фарҳанг гардида, дар ҳифзу тарғиби мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳон саҳми муассири худро гузоштааст. Барои мисол, Сироҷиддин Муҳриддин шомил гардидани мавзеи табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, шаҳри бостонии Саразм ва чанде пеш Мамнуъгоҳи давлатии “Бешаи Палангон”-и Тоҷикистон ва “Роҳи абрешим — долони Зарафшон-Қароқум”-ро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО таъкид намуд.
Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди нақши фаъоли мамлакат дар ҷодаи пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар доираи низоми Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла оид ба ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба ҳифзи пиряхҳо изҳори ақида намуд.
Дар фарҷоми суханронӣ вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи мураккаб ва фалокатбор дар Афғонистону Фаластин изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар муроҷиати Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳарчӣ зудтар расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи ин ду давлат ва даъват ба оташбаси фаврӣ дар Фаластин барои дарёфти роҳҳалҳои низоъ тариқи гуфтушунидҳо иброз дошт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд






