Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси генералии ЮНЕСКО дар Париж иштирок намуд

Ноябрь 11, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 42-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур 7 ноябр оғоз гардида, то 22 ноябр идома хоҳад ёфт. Қобили тазаккур аст, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва дигар намояндагони баландмақоми кишварҳои ҷаҳон иштирок доранд.

Дар рӯзи аввал, ҷаласа аз ҷониби Президенти иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ифтитоҳ гардида, дар оғози он Президенти Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва Дабири кулли ЮНЕСКО суханронӣ намуданд.

Дар идома интихоботи Президенти 42-юми иҷлосияи Конфронси генералӣ доир шуд. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар бораи фаъолияти Созмон дар солҳои 2018-2021 шунида шуд.

Дар охири рӯзи якум лоиҳаи барнома ва буҷети ЮНЕСКО барои солҳои 2024-2025 ва 2026-2029 баррасӣ ва қабул гардид.

8 ноябри соли 2023 Дабири кулли ЮНЕСКО ба мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ ҷиҳати ироаи суханрониҳои роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзо ҳусни ифтитоҳ бахшид.

10 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин мубоҳисаҳо суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба саҳми сазовори тоҷикон дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот дод.

Таъкид гардид, ки заминагузорони ганҷинаи маънавию зеҳнии бениҳоят арзишманд олимону файласуфон, шоирону нависандагон ва мутафаккирони тоҷик, ба мисли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ ва Абӯалӣ Сино буданд, ки осори нотакрори онҳо то ҳанӯз аз василаҳои амалкунандаи илмию фарҳангии тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки мардуми тоҷик аз қадим то ба имрӯз бо арҷгузорӣ ба расму оинҳо ва дигар арзишҳои миллии худ, ки вежагиҳои фаромиллӣ низ доранд, барои эҳё ва ғанӣ гардонидани онҳо пайваста саъю талош мекунад.

Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО иброз дошт, ки дар соли 2023 аз замони оғози равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО 30 сол сипарӣ шуд. Дар давоми ин давра Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ЮНЕСКО, муаллиф ва ҳаммуалифи чандин лоиҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф ва фарҳанг гардида, дар ҳифзу тарғиби мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳон саҳми муассири худро гузоштааст. Барои мисол, Сироҷиддин Муҳриддин шомил гардидани мавзеи табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, шаҳри бостонии Саразм ва чанде пеш Мамнуъгоҳи давлатии “Бешаи Палангон”-и Тоҷикистон ва “Роҳи абрешим — долони Зарафшон-Қароқум”-ро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО таъкид намуд.

Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди нақши фаъоли мамлакат дар ҷодаи пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар доираи низоми Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла оид ба ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба ҳифзи пиряхҳо изҳори ақида намуд.

Дар фарҷоми суханронӣ вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи мураккаб ва фалокатбор дар Афғонистону Фаластин изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар муроҷиати Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳарчӣ зудтар расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи ин ду давлат ва даъват ба оташбаси фаврӣ дар Фаластин барои дарёфти роҳҳалҳои низоъ тариқи гуфтушунидҳо иброз дошт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
Нахустин Саммити сарони давлатҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор мешавад
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея густариши ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҳамкории Тоҷикистон бо ITFC ва ICD баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ESCAP ва UNECE баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Императори Ҷопон эътимоднома супорид
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон задухӯрди мусаллаҳонаро дар Умон қотеона маҳкум кард
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон баррасӣ гардид
Дар Риёз мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Чин дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар» иштирок намуд