Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

Ноябрь 25, 2023 09:16

ДУШАНБЕ, 25.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябр сокинони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса, эҳсоси саршор аз ифтихори Ватан доштан ва бахту шарафи давлати миллӣ сохтан санаҳои таърихиву ифтихорӣ: Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн мегиранд. Ҳамчунин дар ин моҳи муборак Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ таҷлил мешавад. Фаромӯш набояд созем, ки ҳамчунин 16 ноябри соли 2018 нахустин чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор даровада шуда, аввалин ваттҳои неруи барқ аз ин сохтмони азими миллӣ ба шабакаҳои умумиҷумҳуриявӣ интиқол дода шудаанд.

Давоми ҳафтаи равон воситаҳои ахбори оммаи чопӣ дар баробари инъикоси чорабиниҳои ҷашнии марбут ба ин санаҳо ҳамчунин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Федератсияи Русия муфассал инъикос намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ин рӯзҳо сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид ва ҳамчунин сафари кории Сарвари давлат дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ идома дорад.

Албатта, ин сафарҳо фаъолияти босамари Президенти мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ва муваффақ будани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир ифода месозанд.

Дар саҳифаҳои шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 22 ноябри соли 2023  оид ба сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия, маросими истиқболи расмӣ, гузоштани гулчанбар дар назди қабри Сарбози номаълум, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия, сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Барои хизмат дар назди Ватан, мулоқоти Сарвари давлат бо Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин ва маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия гузоришҳои муфасал чоп шудаанд.

Ҳамчунин матни суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Русия пешниҳоди хонандагон шудааст.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат, аз ҷумла изҳор намуданд, ки «мо азм дорем, ки иқтидори истеҳсоли энергияи тозаро ҳамчун заминаи калидии пешбурди иқтисоди «сабз» дучанд намоем. Тоҷикистон ҳамчунин имкон дорад, ки дар қаламрави худ бо истифода аз энергияи «сабз» бо таъсири ҳадди ақалл ба муҳити зист корхонаҳои истеҳсоли энергияталабро ҷойгир намояд. Дар ин самт барои рушди ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд бо Русия изҳори омодагӣ менамоем. Дар қаъри замини Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф  шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, дорои захираҳои ҳаётан муҳими маъданию хом, ки имрӯз талаботи зиёд доранд, мебошанд. Мо аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват ба амал меорем, ки дар коркарди ин захираҳо ҳамкорӣ намоянд. Мо дурнамои ҳамкориро дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон муфассал баррасӣ намудем. Ҳамкории мутақобила оид ба масъалаҳои барқарорсозии муштараки ҳудуди Тоҷикистон, ки дар гузашта истихроҷи уран дар онҷо ҷойгир буд, мусбат арзёбӣ шуд. Шарики асосии ҷониби Тоҷикистон ширкати «Росатом» мебошад. Мо ба мувофиқа расидем, ки соҳаи кишоварзӣ самти дурнамодори ҳамкорӣ мебошад. Омодагии худро барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Русия таъкид намудем. Мо ҳамчунин ба таҳкими робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ ишора намудем». 

Ба ҳамин тартиб, зимни сафари расмии Президенти мамлакат ба ҷониби Русия масъалаҳои иқтисодӣ — рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди конҳои нафту газ, барқарорсозии истихроҷи уран, иштирок дар бунёди корхонаҳои саноатӣ бо истифода аз  энергияи «сабз», ҷустуҷӯ, коркард ва истифодаи маъданҳои зеризаминӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия, рушди соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин масъалаҳои муҳими сиёсӣ, байналмилалӣ, робитаҳои фарҳангӣ низ дар ин сафари бобарори Сарвари давлат мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд. Дар ҷараёни сафар оид ба ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо Вазорати саноат ва савдои Русия, Вазорати нақлиёти мамлакат бо Вазорати нақлиёти Русия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Вазорати рушди иқтисоди  Русия, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Русия, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти «Институти Курчатов»-и Федератсияи Русия санадҳои дахлдор ба имзо расиданд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 22 ноябри соли 2023 дар баробари инъикоси сафари расмии Пешвои миллат ба Федератсияи Русия ҳамчунин матни Қонун Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 — ро манзури хонандагон намудаааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз 22 ноябри соли 2023 дар мавзуъҳои мубрами рӯз мақолаҳои таҳлилӣ ва муаллифиро бо сарлавҳаҳои «Парчам — шарафи одамӣ» (муаллиф адиб Кароматулло Мирзо), «Парчам- намоди соҳибистиқлолӣ ва тантанаи озодист», «Парчам — нишони ҳувияти миллӣ ва номуси ватандорӣ», «Парчам — рамзи пирӯзӣ», «Дипломатияи об ва аҳамияти он», «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷойҳои муқаддас» ва «Санъати бебаҳои ниёгон»-ро чоп намудааст.

А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

Ноябрь 25, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз ёфтанд
Сӯхтори ҷангал дар Техас дар таърихи мушоҳидаҳои иёлат дуюмин бузургтарин гардид
Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба Эфиопияи шимолӣ, ки аз хушксолӣ зарар дидааст, 17 миллион доллари ИМА ҷудо намуд
Обу ҳавои номусоид ва обхезӣ сабаби маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар Испания гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф меборад
Иттиҳоди Аврупо ҷазо барои ҷиноятҳои экологиро сахттар намудааст
Таваллуд дар Ҷопон соли 2023 ба сатҳи рекордӣ коҳиш ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Турсунзода беш аз 350 бех ниҳоли арча шинонида шуд
Дар шарқи Туркия дар кон фурӯрезии ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омад
Дар Найроби саммити иқлимии Созмони Милали Муттаҳид оғоз ёфт
Дар яке аз роҳҳои Индонезия бар асари фаромадани ярч чор нафар ҳалок ва шаш нафар захмӣ шуданд