БА ҲАМРОҲШАВИИ ТОҶИКИСТОН БА КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК 30 СОЛ ПУР ШУД. Беш аз 41,4 фоизи сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд

Ноябрь 20, 2023 12:13

ДУШАНБЕ, 20.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар минбари озодиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамин аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар қатори аввалин давлатҳои аъзои СММ соли 1993 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонд, ки соли равон ба қабули он 30 сол пур мешавад. Ба иттилои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синн яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз беш аз 41,4 фоизи сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Ҳамасола 20 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯдак гузаронида мешавад, ки таърихи таҷлили ин ид ба соли  1954 рост меояд. Маҳз дар ин сол Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳо пешниҳод намуд, то ягон рӯз Рӯзи кӯдакон ҳисобида шавад.

Созмони Милали Муттаҳид мехост, ин сана рӯзе бошад, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбуди кӯдакон бахшида шавад. Мақсади таҷлили ин рӯз он аст, ки диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷалб шавад.

Ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Зеро дар моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Дар мисоли татбиқи ин моддаи Конститутсия метавон аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фаро гирифтан ба таҳсил,  нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал татбиқ мегарданд.

Мисоли ин гуфтаҳо ин аст, ки давоми даҳ соли охир бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат кӯдакистонҳои давлативу ғайридавлатӣ ба истифода дода шуда, мунтазам фаъолият доранд.

Тавре Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳо изҳор намуданд: «Мо кӯшиш менамоем, ки наслҳои навраси мо хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замона гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин намуда тавонанд».


Дар баробари ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ  ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд», яке аз тадбирҳои дигари муҳими давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад, ки 2 майи соли 2007 қабул гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита байни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ муҳайё шуда, дар вазорату идораҳои дахлдор сохторҳои алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудаанд. Инчунин дар ин самт Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста фаъолият менамоянд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва махсусан дастрасии онҳо ба таҳсил аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, зеро маърифатнокӣ омили асосии амалисозии дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад. Тибқи муқаррароти моддаи 28 Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, давлатҳои аъзо бояд таҳсилоти ибтидоии ройгон ва ҳатмиро таъмин намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти умумии асосии ройгон ва ҳатмӣ ҷорӣ шудааст.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ сол аз сол нуфузи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати баланд афзоиш меёбад ва чунин ҳолат аз Ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати навсозӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ пайваста тадбир андешад.

Муовини Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак-мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимбек Содиқзода иброз дошт, ки масъалаи ғамхории махсуси давлат ва таҳти ҳимоя қарор додани кӯдак, аз ҷумла ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи Конститутсияи мамлакат муқаррар шудааст. «Вобаста ба амалишавии босамари Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузоришҳои миллии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди дахлдори СММ пешниҳод мешаванд. Баъд аз баррасӣ гардидани гузоришҳои миллӣ ба Ҳукумати мамлакат тавсияҳо низ пешниҳод мегарданд. Барои иҷрои ин тавсияҳо ва татбиқи босамари Конвенсия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якҷо бо дигар вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақшаҳои амали миллӣ таҳия, муҳокима ва тасдиқ мешаванд, ки ҷараёни иҷрои онҳо зери назорати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор мегирад»,-афзуд ӯ.

Тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ табиатан ба инсон тааллуқ дошта, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ба ғайр аз ин аз муқаррароти ин модда бармеояд, ки олитарин арзиш дар Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия ба инсон мебошад, ки ин хислати инсонмеҳварии Конститутсияро ифода менамояд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 1948 дар Эъломияи ҳуқуқи инсон сабт шудааст, ки кӯдакон бояд объекти махсуси ғамхорӣ ва кумак бошанд. Қабул гардидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак- ин нуқтаи баландтарини ҳамаи он кӯшишҳое гардид, ки инсоният давоми асрҳо орзуи онро дошт. Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак нахустин ҳуҷҷати байналмилалие мебошад, ки муносибати томро вобаста ба кӯдак фаро мегирад. Яъне то қабул гардидани Конвенсия масъалаҳои алоҳида вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар ҳуҷҷатҳои гуногун ба таври пароканда буданд. Конвенсияи гуфташуда самараи бисёрсолаи мутахассисон, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байниҳукуматӣ, сохторҳои СММ, олимон ва дигар ташкилоти ғайриҳукуматӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода, кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар  шахс, ҷомеа ва давлат аст.

«Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалияти асосии  сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Иқдоми пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони мамлакат сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад»,-баён медорад Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 20, 2023 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд