БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳпаймоӣ ва барномаи фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Тазаккур дода шуд, ки Парчами давлатӣ ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандгари дирӯзу имрӯз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми мамлакат ба шумор меравад. Пас аз баргузории роҳпаймоӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона таҷлил мегардад. Парчами давлатӣ дар қатори дигар муқаддасотӣ миллӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёриву комилҳуқуқӣ дар фазои ваҳдати комил парафшон гардидааст.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон










Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






