Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бохтар ҳамоиши ҷавонон ва Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҳамоиши ҷавонон ва Фестивали сурудҳои ватандӯстона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш беш аз 600 нафар иштирок намуданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш вобаста ба нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфта шуд.
Воқеан, барои миллати худшиносу худогоҳи тоҷик истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯи байналмилалӣ ва шарти асосии мавҷудият ба ҳисоб рафта, расидан ба ин дастоварди бузург- Истиқлолияти давлатӣ танҳо бо хиради азалӣ ва сиёсати бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат ба даст омадааст.
Имрӯз ҷавонони хушиқболи замони соҳибистиқлолии мамлакат ба хубӣ дарк менамоянд, ки заҳмату талош ва иқдоми созандаи Пешвои миллат маҳз ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат равона гардидаанд.
Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.
Дар идомаи ҳамоиш ба як зумра иштирокчиёни фаъол сипосномаҳо тақдим шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






