Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии рушд созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид

Ноябрь 22, 2023 14:45

ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар шаҳри Москва Созишнома оид ба ҷудо намудани қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии субот ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Навсозии низоми обёрӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии рушд ба имзо расид.

Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори иҷроияи Фонди Авруосиёии субот  ва рушд   Андрей Широков имзо намуданд.

Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори низомҳои обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд татбиқ карда мешавад.

Арзиши умумии лоиҳа 32 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Авруосиёии субот  ва рушд маблағгузорӣ мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2024 оғоз ёфта, анҷомёбии он соли 2029 пешбинӣ шудааст.

  АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2023 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд