«БО РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ — 2023». Нашриёти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази намоишгоҳии «Атакент-Экспо»-и шаҳри Алматои Қазоқистон маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб ва интишороти Қазоқистон таҳти унвони «Бо роҳи бузурги абрешим — 2023» баргузор шуд. Дар ин хусус сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар қатори ноширони давлатҳои Федератсияи Русия, Туркия, Узбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Озарбойҷон Тоҷикистонро нашриёти «Адиб», «Ирфон» ва Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» намояндагӣ менамоянд.
Ноширони тоҷик қариб сад унвон китобҳои бадеӣ, таърихӣ, публисистӣ ва донишномаҳоро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ба маърази диди алоқамандони китоб гузоштаанд.
Кори Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб ва интишороти Қазоқистон то 24 ноябр идома меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






