Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» ифтитоҳ шуд

Ноябрь 9, 2023 13:56

КӮЛОБ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Марказ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тайёрии таҳсили умумии насли наврас ва ҷавон, тайёр намудани онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонии хоҳишмандон, пешниҳоди машваратҳои таълимӣ ва равоншиносӣ ташкил гардидааст.

Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» барои омӯзиши фанҳои алоҳида, омодагӣ ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даврҳои забономӯзӣ ташкил гардида, дар асоси муроҷиат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машварат ва хулосаҳои равоншиносӣ низ медиҳад.

Бахши тайёрии маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» аз рӯи 5 кластер: «Табиӣ ва техникӣ», «Иқтисод ва география», «Филология, педагогика ва санъат», «Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ», «Тиб, биология ва варзиш»  фаъолият дошта, дарсҳо дар даврҳои тайёрӣ аз моҳи октябр то моҳи июн идома меёбанд.

Ба даври тайёрӣ шахсони дорои таҳсилоти умумӣ, инчунин хонандагони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул мешаванд.

Чунин марказ бо тарҳи наву замонавӣ ва имконот ҷиҳати таълиму тадрис дар шаҳр ягона буда, дар тарбияи насли наврасу ҷавон нақши муассир мегузорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ноябрь 9, 2023 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд