Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид

Ноябрь 22, 2023 18:19

ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Тазаккур дода шуд, ки ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами худ саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳангро ҳимоя намудаанд.

Меҳмонони ҳамоиш дар робита ба нақши Парчами давлатии Тоҷикистон дар баёни ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик ва соҳибихтиёрии Тоҷикистони соҳибистиқлол, асосҳои конститутсионию ҳуқуқии истифода ва ҳифзи Парчами давлатии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Изҳор шуд, ки муқаррар гардидани меъёри мушаххас оид ба рамзҳои давлатӣ, бахусус Парчами давлатии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулу дар амал татбиқ гардидани қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатӣ далели эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пояндагиву ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатӣ муайяну муқаррар шуда, бо асосҳои қонунгузорӣ танзиму таҳким ва ҳифз мешавад.

Дар суханронии меҳмонону омӯзгорон вобаста ба решаҳои таърихии оини парчамдории халқи тоҷик ишораҳо шуда, арзёбӣ гардид, ки аз қадим то кунун парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо намудаанд. Дар замони муосир парчамдорӣ нишонаи соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии миллату давлатро ифода менамояд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки бо мақсади боло гардидани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, ифтихор аз муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва хотирмон таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар донишгоҳ барномаҳои гуногуни маърифативу сиёсӣ гузаронида мешаванд. Баргузор намудани чунин суҳбату музокира бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён ба боло рафтани эҳсоси ватандӯстию худшиносии миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии миллат мусоидати фаъол менамояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Ноябрь 22, 2023 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд