Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофари тоҷик маҳсуб мешавад. Чунин изҳори назар шуд зимни ҳамоиши илмӣ, ки бахшида Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир шуд.
Тазаккур дода шуд, ки зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тарбияи ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ва муҳаббат нисбат ба Парчами давлатӣ таъкид намуданд, ки «ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд. Ин аст, ки дар аксар мамлакатҳои пешрафтаи имрӯза ҳар шаҳрванд кӯшиш менамояд, ки дар хонадонаш ҳадди ақалл як парчами миллии худро дошта бошад. Пас мо низ ҳамчун ворисони сазовори яке аз асосгузорони дирафшҳои бузурги шоҳиву давлатӣ дар ҷаҳон бояд аз чунин иқдоми созанда, ки барҳақ дар роҳи худшиносиву ифтихори миллӣ ва таҳкими давлатдории навинамон саҳми бевосита гузошта метавонад, васеъ истифода намоем».
Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчами давлатӣ бояд дар сиришту фитрати ҳар шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти мамлакат доимо ҷой дошта бошад.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






