Дар Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркманистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистон ва Туркманистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду ҷониб ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҳамраисии ҷониби Тоҷикистонро муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва ҷониби Туркманистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ба уҳда доранд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият байни Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар асоси ин дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.
Дар ҷараёни кори Комиссия ду ҷониб оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи ёздаҳум, ки 9-10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод доир гардида буд, табодули назар намуданд.


Ҳамзамон дар ҷараёни кори Комиссия тарафҳо роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангиро дарёфт ва масъалаҳои зерин, чун пешравӣ дар татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши мол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон давоми солҳои 2022-2023, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркманистон, беҳтаргардонии вазъи экологӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳавзаи Баҳри Арал, ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт, саноат, маориф, варзиш ва ҷавонон, тандурустӣ, амнияти озуқавориро баррасӣ менамоянд.
Бояд гуфт, давоми соли сипаригардида ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Туркманистон 52,9 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса бо соли 2021 ба андозаи 30,7 млн доллар ё 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи гардиши мол бо Туркманистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,7 фоизро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои 16-ум қарор дорад. Содироти мол ба Туркманистон аз Тоҷикистон дар ин давра 0,8 миллион доллар ва воридот аз Туркманистон 52,1 миллион долларро ташкил дод. Давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ҳаҷми гардиши мутақобилаи савдои хориҷӣ бо Туркманистон 36,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ пагоҳ, 28 ноябр низ идома меёбад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






