Дар Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 20 коршиноси байналмилалӣ, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти экологӣ пайваста тадбирҳои муасир андешида мешавад. Баррасии натиҷагирии фаъолияти чоруми экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррасро дар ин самт тасдиқ намуд. Тоҷикистон аввалин давлате аст, ки баррасии чоруми фаъолияти экологиро анҷом медиҳад.
Ҳамзамон баён гардид, ки Шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбии пешрафти давлат дар соҳаи мувофиқаи вазифаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва риояи уҳдадориҳои байналмилалии ҳифзи табиат мебошад.
Таъкид гардид, ки Барномаи шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба давлатҳо дар беҳтар намудани идоракунии муҳити зист ва баланд saludydesastres.info/test/cialis.html самаранокии фаъолияти экологӣ мусоидат намуда, мубодилаи иттилоотро байни давлатҳо оид ба сиёсати экологӣ ва таҷрибаи татбиқи он ташвиқ менамояд.
Ҳамзамон он ба ҳамгироии сиёсати экологӣ ва сиёсати соҳавӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатиро дар назди ҷомеа ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ тарғиб менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад






