Дар Душанбе бо мақсади гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир маҳфили адабӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шоиру шеъре агар ҳаст» бо мақсади гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир маҳфили адабӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Дар маҳфил намояндагони раёсатҳои фарҳанг ва маорифи пойтахт, шоирону нависандагон, ҳунармандони театр, устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва ҳаводорони эҷодиёти шоир иштирок намуданд.
Нотиқон аз ашъори устод Бозор Собир ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ў шоири забардасту мумтози тоҷик буда, шеърҳои «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Девори Бухоро», «Теғи Сино» ва бисёр шеърҳои дигар бо нигоҳи тозаву амиқ, ваҷду эҳсоси шоирӣ ва меҳри ватандӯстонаю ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шудааст ва саҳифаҳои пурифтихори таърихи миллатро бозгӯ намуда, дар тарбияи наслҳои гуногуни хонандагон дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ ва завқи суханфаҳмию шеърдонӣ нақши назаррас доранд . Бозор Собир аз ибтидои солҳои ҳафтодуми садаи бистум то соли 2013 17 маҷмуаи ашъорашро нашр намудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид






