Дар Душанбе иқдоми экологии «Тозагии соҳил» баргузор гардид

Ноябрь 25, 2023 10:28

ДУШАНБЕ, 25.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Сино  дар назди пули роҳи оҳани соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Ҳамзамон дар ду қисмати рости соҳили дарёи Душанбе- дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72, гимназияи №4 ва маҷмааи иншооти «Дунёи нав»-и ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чунин ҳашарҳо баргузор гардид, ки дар он хонандагону омӯзгорони муассисаҳои маориф иштирок намуданд.

Дар ҳашарҳо дар маҷмуъ беш аз 500 нафар иштирок намуда, 3 км масоҳати соҳили дарёи Душанберо аз партовҳо тоза намуданд, 2,8 м3 партовҳои ҷамъоварда тавассути техникаҳои соҳаи коммуналӣ ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.

Чунин ҳашарҳои тозасозӣ бо назардошти боду ҳавои мусоиди тирамоҳӣ пайваста гузаронида шуда, сокинони ҷумҳурӣ мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ нишон дода, дар чунин корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ин тамоюл ба саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2023 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид