Дар Душанбе иқдоми экологии «Тозагии соҳил» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Сино дар назди пули роҳи оҳани соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Ҳамзамон дар ду қисмати рости соҳили дарёи Душанбе- дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72, гимназияи №4 ва маҷмааи иншооти «Дунёи нав»-и ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чунин ҳашарҳо баргузор гардид, ки дар он хонандагону омӯзгорони муассисаҳои маориф иштирок намуданд.
Дар ҳашарҳо дар маҷмуъ беш аз 500 нафар иштирок намуда, 3 км масоҳати соҳили дарёи Душанберо аз партовҳо тоза намуданд, 2,8 м3 партовҳои ҷамъоварда тавассути техникаҳои соҳаи коммуналӣ ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.
Чунин ҳашарҳои тозасозӣ бо назардошти боду ҳавои мусоиди тирамоҳӣ пайваста гузаронида шуда, сокинони ҷумҳурӣ мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ нишон дода, дар чунин корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ин тамоюл ба саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






