Дар Душанбе Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода нақши лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон»-ро дар татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои наздимарзӣ, густариши тиҷорат байни аҳолии ҳамсарҳад ва дар маҷмуъ, рушди иқтисодии ноҳияҳои ҳарду давлат муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа ҳисобот оид ба натиҷаҳои бадастомада дар доираи лоиҳаи LITACA дар соли 2023 ва нақшаи фаъолияти он барои соли 2024 пешниҳод шуд. Гуфта шуд, ки дар доираи амалишавии лоиҳа иқтидори кормандони мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ, кишоварзон, соҳибкорон, аз ҷумла занон ва ҷавонон баланд бардошта шуда, имконияти тиҷоратии аҳолии наздимарзӣ ва дастрасии онҳо ба маҳсулот беҳтар гардид.
Изҳори итминон шуд, ки аъзои Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон» минбаъд низ ҳамкориро дар доираи ин лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии наздимарзӣ тақвият медиҳанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






