Дар Душанбе Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон» баррасӣ гардид

Ноябрь 27, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 27.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақаҳои  наздимарзии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода нақши лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон»-ро дар татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои наздимарзӣ, густариши тиҷорат байни аҳолии ҳамсарҳад ва дар маҷмуъ, рушди иқтисодии ноҳияҳои ҳарду давлат муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа ҳисобот оид ба натиҷаҳои бадастомада дар доираи лоиҳаи LITACA дар соли 2023 ва нақшаи фаъолияти он барои соли 2024 пешниҳод шуд. Гуфта шуд, ки дар доираи амалишавии лоиҳа иқтидори кормандони мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ, кишоварзон, соҳибкорон, аз ҷумла занон ва ҷавонон баланд бардошта шуда, имконияти тиҷоратии аҳолии наздимарзӣ ва дастрасии онҳо ба маҳсулот  беҳтар гардид.

Изҳори итминон шуд, ки аъзои Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон» минбаъд низ ҳамкориро дар доираи ин лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии наздимарзӣ тақвият медиҳанд. 

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд