Дар Душанбе масъалаи такмили сомонаи Портали савдои Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо Роҳбари Департаменти савдои USAID дар Осиёи Марказӣ (TCA) Роберт Воетч баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи такмилсозии сомонаи Портали савдои Тоҷикистонро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Аҳлиддин Нуриддинзода иброз намуд, ки дар доираи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба масъалаи содагардонии расмиёти савдо аҳамияти муҳим дода мешавад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва USAID-ро вобаста ба содагардонии савдо, аз ҷумла таҷдид ва муқаррароти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии савдо баррасӣ намуда, мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуфташуда иброз намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст






