Дар Хадамоти гумрук Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон- бахтномаи миллатро бо шукуҳи хосса таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин хадамот.
Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода мавзуи нақш ва аҳамияти қабули Конститутсияро дар барқарории сулҳу субот ва роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки нақш ва аҳамияти қабули Қонуни асосӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бағоят бузург аст. Қабули Конститутсия дар он шароити ҳассоси таърихӣ барои миллати тоҷик имконияти эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро фароҳам оварда, низом ва тартиботро дар ҷомеа барқарор сохт. Агарчи миллати тоҷик ба Ваҳдати миллӣ танҳо пас аз се соли қабули Қонуни асосӣ расид, вале паёму пайғом ва башорати сулҳу субот аз замони қабул дар ҳар муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ ҳувайдо буд ва он роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳои миллатро равшан сохт. Ин аст, ки қабули Конститутсия ба сифати яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихи соҳибихтиёрии мамлакат шинохта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.
Ба андешаи маърузачиёни ҷамъомад, бо гузашти солҳо наслҳои нав дарк менамоянд, ки Конститутсия воқеан бахтномаи миллати мо ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани талаботи Конститутсия ҷомеаро боз ҳам хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад.
Иброз гардид, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






