Дар Хоруғ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас баргузор мегардад

Ноябрь 12, 2023 15:29

ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ярмаркаи навбатии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Сокинон ва меҳмонони шаҳр аз ин ярмарка метавонанд бо нархи нисбат ба бозор арзонтар маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас намоянд.

Чунин ярмаркаҳо баҳри ғаниву фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар фасли зимистон тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташкил мешаванд, то нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба мардум дастрас бошад.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Ноябрь 12, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд