Дар Хоруғ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ярмаркаи навбатии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Сокинон ва меҳмонони шаҳр аз ин ярмарка метавонанд бо нархи нисбат ба бозор арзонтар маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас намоянд.
Чунин ярмаркаҳо баҳри ғаниву фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар фасли зимистон тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташкил мешаванд, то нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба мардум дастрас бошад.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Дар шаҳри Боку Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
РАҚАМИКУНОНИИ ҲАМЛУ НАҚЛ. Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин маротиба низоми байналмилалии eTIR-ро озмуданд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид
Вазорати молия натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025-ро муаррифӣ намуд
Дар Боку ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро барои рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон баррасӣ гардид
Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон мактаби технологияҳои рақамӣ бо тарҳ ва усулҳои муосир таъсис дода мешавад
Нақшаи истеҳсоли пилла дар шаҳри Левакант пурра иҷро гардид
Тоҷикистон ҳамкориро бо БАТР дар бахши энергетика тақвият медиҳад
Ноҳияи Данғара нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд






