Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 24, 2023 11:23

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҳамоиш кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарону мутахассисони раёсату шуъбаҳо ва дигарон иштирок намуданд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ҳозирин барнома доир ба Парчами давлатӣ, нақш ва манзалати он дар давлатдории миллиро тамошо намуда, таассуроти баланд бардоштанд.

Тазаккур дода шуд, ки миллати сарбаланди тоҷик беш аз чор ҳазор қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассуми ифтихору ору номус эҳтиром менамуд. Тоҷикон дар таърих зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят менамуданд.

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб шуда, тавассути он истиқлолияти давлатӣ муайян ва муаррифӣ мегардад.

Дар охир ҳозирин андешаҳои хешро роҷеъ ба муқаддас нигоҳ доштани Парчами давлатӣ баён намуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 24, 2023 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид