«РУШДИ САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар ин мавзуъ ҳамоиши минтақавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоиши минтақавӣ дар мавзуи «Рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар вилояти Хатлон» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.
Дар кори ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарияти шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, коршиносону устодон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии минтақавӣ иштирок доштанд.
Ҳамоиш бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ва иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд ва бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023 тасдиқ шудаанд, баргузор шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид






