«РУШДИ САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар ин мавзуъ ҳамоиши минтақавӣ доир гардид

Ноябрь 20, 2023 10:00

 ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоиши минтақавӣ дар мавзуи «Рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар вилояти Хатлон»  баргузор гардид. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.

Дар кори ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарияти шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, коршиносону устодон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии минтақавӣ иштирок доштанд.

Ҳамоиш бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ва иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд ва бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023 тасдиқ шудаанд, баргузор шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод