Дар ноҳияи Шаҳритус корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шаҳритус бо корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Номбурда нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 11-и деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Бинои мазкур дуошёна буда, дар он утоқҳои кории директори муассиса, омӯзгорон ва синфхонаҳои фаннӣ ҷойгир карда шудаанд.
Фармоишгари бинои мактаби мазкур Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мувофиқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар давоми беш аз 1 сол як бинои наву замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, соли равон ба истифода дода мешавад.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 нафар сокинони маҳалӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур барои хонандагон дар 2 баст 480 ҷойи нишаст муҳайё мегардад.
Гуфта шуд, ки дар баробари корҳои ба анҷомрасида дар иншоот ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атроф таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар атрофи бино корҳои чароғонкунӣ, шинонидани гулу гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ идома доранд.
Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён ва масъулин таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ тезонда шуда, дар амалӣ шудани он, қабл аз ҳама роҳбарон, шуруъ аз раиси ноҳия то сардорони ташкилоту муассисаҳо намунаи ибрат бошанд.
Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии шиферҳо ва қубурҳои азбестӣ шинос шуд.
Корхонаи мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад. Бинои он масоҳати умумии 0,60 га-ро ташкил менамояд. Фармоишгар соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Сатторов мебошад.
Таъкид шуд, ки мувофиқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар давоми беш аз 2 сол як бинои наву замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, соли 2024 ба истифода дода мешавад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 сокини маҳаллӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидааст.
Баъди ба истифода додани иншооти мазкур аз 20 то 25 нафар ба кор фаро гирифта мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






