Дар ноҳияи Шаҳритус корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат меёбанд

Ноябрь 25, 2023 13:06

ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар  ноҳияи Шаҳритус бо корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Номбурда  нахуст  бо  ҷараёни корҳои сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  11-и  деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов  шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Бинои мазкур дуошёна буда, дар он  утоқҳои кории директори муассиса, омӯзгорон ва синфхонаҳои фаннӣ ҷойгир карда шудаанд.

Фармоишгари бинои мактаби мазкур  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мувофиқи нақша,  корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар давоми беш аз 1 сол як бинои наву замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, соли равон  ба истифода дода мешавад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 нафар сокинони маҳалӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур барои хонандагон дар 2 баст 480 ҷойи нишаст муҳайё мегардад.

Гуфта шуд, ки дар баробари корҳои ба анҷомрасида дар иншоот ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атроф таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар атрофи  бино корҳои чароғонкунӣ, шинонидани гулу гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ  идома доранд.

Баъд аз шиносоӣ бо  ҷараёни корҳо Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён ва масъулин таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ тезонда шуда,  дар амалӣ шудани он,  қабл аз ҳама роҳбарон, шуруъ аз раиси ноҳия то сардорони ташкилоту муассисаҳо намунаи ибрат бошанд.

Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии шиферҳо ва қубурҳои азбестӣ шинос шуд.

Корхонаи мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад. Бинои он масоҳати умумии 0,60 га-ро ташкил менамояд. Фармоишгар  соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Сатторов мебошад.

Таъкид шуд, ки мувофиқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар давоми беш аз 2 сол як бинои наву замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, соли 2024 ба истифода дода мешавад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 сокини маҳаллӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидааст.

Баъди ба истифода додани иншооти мазкур аз 20 то 25 нафар ба кор фаро гирифта мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ноябрь 25, 2023 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
Дар Душанбе истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд аз 950 иншооти ҷашнӣ 518 адади он сохта ба истифода дода шудааст
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
14 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мумфарш мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 164 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин бунёд мешавад
Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд
Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ — аграрӣ табдил дода мешавад. Эҳдо ба Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Долонаи Ашт мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом ба масофаи 51 километр навсозӣ мешавад