Дар нуҳ моҳ 802 ҳазору 300 нафар сайёҳ ба Тоҷикистон омадааст

Ноябрь 13, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 13.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 9 моҳи соли 2023 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 1 миллиону 27 ҳазору 600 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 ҳазору 900 нафар ё 18,0 фоиз афзудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 802 ҳазору 300 нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 17,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра аз ҳама зиёд ба Тоҷикистон аз ҷумҳурии Узбекистон 664 ҳазору 800 нафар, Қазоқистон 24 ҳазоу 900 нафар ва аз Федератсияи Русия 248 ҳазору 100 нафар шаҳрвандон ворид гардидаанд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд