Дар Осорхонаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ташкил мегардад

Ноябрь 10, 2023 09:19

ДУШАНБЕ, 10.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 10:00 дар «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) ва эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  намоиши ҷашнӣ оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Намоиши мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил гардида,  мақсад аз баргузории он шиносонидани сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб бо ташаббусҳои  Тоҷикистон дар самти обу иқлим  ва нақши намоёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоли муҳими сайёра мебошад.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон  дар ин мавзуъ чандин намоишҳои пурмуҳтаворо ташкил намудааст, ки писанди тамошобинон гардидааст.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст